Ссылки доступа

Дар Қазоқистон зидди моликони як маркази гармидиҳӣ тафтишот шуруъ шуд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зидди соҳибони маркази барқу гармидиҳии шаҳри Риддери вилояти Қазоқистони Шарқӣ тафтишотро оғоз кардаанд.

Сомонаи қазоқии "Информбюро" бо истинод ба раҳбари минтақа Даниал Ахметов хабар додааст, ки марказ ё ба ихтиёри давлат мегузарад ё ба ягон сармоягузор дода мешавад.

"Моликони марказ аз 6-уми ноябри соли 2022, аз замони садамаи аввал барои ислоҳи вазъ амалан чорае наандешидаанд. Ҳоло танҳо бо кафолати ҳукумати вилоят аз кони Қараҷира ангишт ва аз ширкати "Казмунайгаз" мазут оварда мешавад. Барои корҳои фаврии барқарорсозӣ тақрибан 600 миллион танга харҷ шудааст ва марказ ҳам дар ҳоли ҳозир дар ҳолати хуб қарор дорад", - изҳор дошт Даниал Ахметов.

Дар Маркази барқу гармидиҳии Риддер давоми чанд моҳи ахир чандин бор аст, ки садама рух медиҳад. Садамаи ахир 19 январ рух дода, боиси поинравии сатҳи гармии об шуда буд.

Мақомоти Риддер моҳи ноябри соли гузашта ба далели садама дар ин марказ маҷбур шудан вазъи фавқулода эълом кунанд.

XS
SM
MD
LG