Ссылки доступа

Ду сенатори ИМА дар робита ба Радиои Озодӣ ба президенти Қирғизистон нома навиштанд


Сенаторҳои ИМА Боб Менендес ва Ҷим Риш ба Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон нома навиштанд, ки дар он аз фишор ба озодии баён изҳори нигаронӣ шудааст.

Нома дар сомонаи Кумитаи муносибатҳои байналхалқии Сенати ИМА нашр шудааст.

Дар он сенаторҳо қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ -"Азаттик Медиа"-ро маҳкум кардаанд.

Онҳо гуфтааст, тасмими мақомоти Қирғизистон на танҳо меъёрҳои байналхалқӣ нисбати озодии баён ва нашр, балки кафолатҳои конститутсионии Қирғизистонро ҳам помол мекунад.

"Мо аз ҳукумати Қирғизистон даъват мекунем, ки маҳдудиятҳо нисбати "Азаттик Медиа"-ро фавран бекор созанд, фишори ғайриқонунӣ нисбати озодии баён ва расонаҳои мустақилро қатъ ва ҳамаи таҳдидҳо нисбати рӯзноманигоронро таҳқиқ кунанд", - омадааст дар нома.

Пештар аз ин беш аз сад кас - намояндагони қишри зиёии Қирғизистон, ходимони санъату фарҳанг, олимон, фаъолон ва рӯзноманигорон аз вазъи атрофи бахши қирғизии Радиои Озодӣ нигаронӣ карда буданд.

Дар муроҷиатномаи ин афрод миёнаҳои моҳи декабри соли 2022 ба унвонии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва дигар мақомдорон омадааст, "бастани сомона ва суратҳисоби бонкӣ на ба Конститутсия мутобиқат дорад ва на ба қонунҳои дигар".

"Набояд фаромӯш кард, ки Радиои Озодӣ дар таърихи 70 соли фаъолияташ дар шаклгирии истиқлоли Қирғизистон нақш доштааст, барои даст ёфтан ба озодӣ саҳм гузоштааст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Муаллифон аз роҳбарияти Қирғизистон даъват кардаанд, ки дар барқарории фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик Медиа" мусоидат кунанд.

Зери нома бештар аз 100 кас имзо мондааст, ки миёнашон ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, вакилони пешину амалкунандаи порлумон ҳастанд.

Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 26 октябри соли ҷорӣ сомонаи "Азаттик Медиа"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро тамдид кард. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод унвон кард.

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31 октябри соли 2022 суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG