Ссылки доступа

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ду доруи хатарнокро ворид намекунанд


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баъди таҳқиқи шикояти Ҷумҳурии Узбекистон аз  сифати ду  маводи дорувори истеҳсоли ширкати ҳиндии Marion Biotech  - шарбати Амбронол ва ДОК-1 Макс (AMBRONOL ва DOK-1 Max) фурӯш ва истеъмоли онҳоро дар қаламрави кишварҳои узви ин ташкилоти вобаста ба СММ манъ кард.

Дар як ҳушдори ин созмон аз рӯзи 11-уми январ гуфта шудааст, ки таҳқиқ вуҷуди аз меъёр зиёди моддаҳои "диэтиленгликол" ва "этиленгликол"-ро дар таркиби ин доруҳо ошкор кард, ки барои сиҳатии инсон хатар дорад. Сифати ин доруҳо бар асоси шикояти Узбекистон таҳқиқ шуд, чун ба қавли мақомоти расмии кишвар ин доруҳо боиси марги 20 кӯдак шуд.

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар то кунун ҳеҷ шикояте аз ин доруҳо ба даст наомадааст, вале бо назардошти хабарҳои ташвишовар воридот ва фурӯши ин доруҳо дар кишвар манъ шудааст.

Хадамоти назорати давлатии тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ягон ҳолати марг аз доруҳои истеҳсоли ширкати ҳиндии «Марион Биотек»-ро сабт накардааст.

Доруҳои хатарноки ҳиндӣ дар Тоҷикистон набудааст?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:53 0:00

Аслиддин Имомзода, мудири озмоишгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ фақат силсилаҳои мушаххаси шарбати DOK-1 Max ва AMBRONOL-ро дар назар дорад ва хушбахтона он силсилаҳое, ки дар эъломия дарҷ ёфтааст, дар бозори Тоҷикистон вуҷуд надоранд.

Ӯ гуфт: “Ягон намуд арзу шикоят ва ё ҳолатҳои ногувор аз истифодаи доруҳои AMBRONOL ва DOK-1 Max ба қайд гирифта нашудааст, инчунин шарбати AMBRONOL тақрибан панҷ сол ба ин тараф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ ворид нашудааст. Инчунин, аз шарбати DOK-1 Max то кунун ягон арзу шикоят нашудааст.”

Як сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо чанде аз доруфурӯшиҳо дар Душанбе ҳам набуди чунин доруҳоро дар фурӯш тасдиқ кард. Ба қавли як бонуи доруфурӯш, онҳо аз ним сол пеш дигар ин навъи доруҳоро намегирифтанд.

XS
SM
MD
LG