Ссылки доступа

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways мехоҳад, чаҳор Boeing-ашро фурӯшад


Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон "Узбекистон хаво йуллари" 4 ҳавопаймоашро дар фурӯш гузоштааст.

Ин ширкат айни замон 37 ҳавопаймо дорад, ки қисме аз онҳо Boeing ва қисми дигар Airbus ҳастанд.

Оҷонси идораи амволи давлатии Узбекистон ширкати бритониёии ACC Aviation-ро ҳамчун мушовир барои фурӯши ҳавопаймоҳо ҷалб кардааст. Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ҳанӯз қимати ҳавопаймоҳоро эълом накардааст.

XS
SM
MD
LG