Ссылки доступа

Магар "лимит"-и барқ ба Тоҷикистон баргашт?


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон дигарбора шикоят аз қатъи нерӯи барқ зиёд шудааст. Бар асоси дастури мақомот, мардуму муассисаҳо бояд муназзам ва шабонарӯз бо нерӯи барқу рӯшноӣ таъмин бошанд, аммо ҳоло чунин нест. Чаро?

Маҳаллаи Турдиев дар ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳафткилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ба гуфтаи сокинонаш аз рӯзи 20-уми январ ба ин сӯ дар шабонарӯз ҳафт соат аз барқ маҳруманд. Аз соати 10-и шаб то 5-и субҳ.

Ҷумъабой Абдураҳмонов, сокини маҳаллаи Турдиев, мегӯяд, касе ба онҳо сабаби ин вазъро намегӯяд. “Вақте ба идораи барқи ноҳия занг мезанем, мегӯянд, садама шудааст. Ё баҳонаи дигар пеш меоранд,” – афзуд ӯ.

Камбуди нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистон барои сокинони Тоҷикистон ғайримуқаррарӣ нест. Набуданаш дар рӯзҳои сард зиндагии сокинонро мушкил карда.

Ғазо Заробов, сокини дигари ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, барқ ягона василаи гармкунии манзил барои баъзе аз оилаҳост: "Ангишт ва ҳезум надоранд, бо барқ хонаашонро гарм мекунанд ва хӯрок мепазанд."

Магар "лимит"-и барқ ба Тоҷикистон баргашт?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:14 0:00

Шикоятҳо аз бебарқӣ тақрибан аз ҳама минтақаҳои Тоҷикистон садо медиҳад, ба ҷуз аз Бадахшон. Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, сарфи назар аз дастури раиси ҷумҳур дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Рӯзи 11-уми январ бо шурӯи сардиҳои шадид дар кишвар, ширкати “Барқи Тоҷик” эълон кард, ки бо дастури раиси ҷумҳур маҳдудияти барқ аз миён бардошта шуд. Ба гуфтаи сокинон, баъд аз ин эълон фақат даҳ рӯз бе маҳдудият барқ гирифтанд.

Як масули идораи барқ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар суҳбати бидуни микрофон гуфт, барқ бо супориши боло қатъ мешавад. Ширкати “Барқи тоҷик”, Шабакаҳои интиқол ва Шабакаи тақсими барқ дар бораи дубора ҷорӣ шудани "лимит" дар кишвар расман чизе нагуфтаанд. Талошҳои мо барои гирифтани назар аз ин ширкатҳо то ин дам бенатиҷа буд.

Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои барқи Сурхондарёи Узбекистон хабар дод, ки барои таъмини 14 ноҳияи ин вилоят хариди барқро аз Тоҷикистон зиёд кард. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи фурӯши барқ ба Узбекистон расман чизе нагуфтанд.

Интиқоли барқ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистон, танқидҳоро дар дохили кишвар зиёд кардааст. Баъзе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомот бояд аввал мардуми Тоҷикистонро бо барқ таъмин кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ваъда додааст, ки хотима додан ба буҳрони энержӣ ва таъмини муназзами мардум бо нерӯи барқ яке аз авлавиятҳои кораш аст. Бо гузашти солҳо мардум ҳамчунон аз камбуди нерӯи барқ танқисӣ ва азоб мекашанд.

XS
SM
MD
LG