Ссылки доступа

Шарики тиҷории асосии Узбекистон дар соли 2022 Русия будааст


Кумитаи давлатии омори Узбекистон мегӯяд, соли 2022 ҳаҷми табодули моли миёни ин кишвар ва Русия 22,9 дарсад афзоиш ёфта, ба 9 миллиарду 279 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

Манбаъ афзудааст, ки дар соли гузашта ҳаҷми содироти мол аз Узбекистон ба Русия 46,8% зиёд шуда, то 3,07 млрд доллар расидааст. Ҳамчунин ҳаҷми воридоти мол аз Русия ба Узбекистон 13,7% афзоиш ёфтааст, ки 6,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Чин дар савдои берунии Узбакистон бо саҳми 8 миллиарду 923 миллиону 800 ҳазор доллар дар ҷои дувум қарор дорад. Соли 2022 ҳаҷми содирот ба ин кишвар 2,5 миллиард доллар ва воридот аз он 6,4 миллиард долларро ташкил додааст.

Қазоқистон (4,6 млрд доллар), Туркия (3,22 млрд доллар) ва Куриёи Ҷанубӣ (2,3 млрд доллар) ҳам ба рӯйхати кишварҳои панҷгонае шомил шудаанд, ки соли 2022 бо Узбекистон табодули моли бештар доштанд.

XS
SM
MD
LG