Ссылки доступа

Дар Узбекистон зани ҳомила худро дар мошини шавҳараш оташ задааст


Додситонии кулли Узбекистон 25 январ гуфт, зане, ки дар Фарғона худро дар мошини шавҳараш оташ зада буд, ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои додситонӣ, мард он рӯз ҳамсарашро аз бемористон ба хона мебурд ва дар роҳ миёни онҳо дар заминаи рашк ҷанҷол сар мезанад. Дар натиҷа зан дар дохили мошини "Матиз"-и шавҳараш, ки дар назди варзишгоҳ қарор дошт, ба сару рӯяш бензин пошида, худро оташ мезанад.

Мард тавонистааст, сари вақт аз мошин берун шавад. "Оташнишонҳо ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, зуд оташро хомӯш карданд. Тифли зан ҳам, ки дар маҳалли ҳодиса таваллуд шуда буд, бо вуҷуди талошҳои табибон дар бемористон ҷон додааст", - омадааст дар хабари додситонӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Расонидан ба худкушӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG