Ссылки доступа

Нахуствазири Русия ба Тоҷикистон меояд


Нахуствазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Cафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.

Дар хабар гуфта шудааст, омодагиҳо ба ин сафарро, ки қарор аст дар аввали моҳи марти имсол сурат бигирад, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24-уми январ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Русия баррасӣ намуданд.

Оиди ҳадафи сафари Михаил Мишустин тафсилоти бештар дода нашудааст. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Михаил Галузин зимни мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои гуногун матраҳ карданд.

Русия яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин кишвар мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик мебошад.

XS
SM
MD
LG