Ссылки доступа

Дар Узбекистон теъдоди кормандони вазоратҳо ва идораҳоро кам мекунанд


Дар Узбекистон 17 447 корманди вазоратҳо ва идораҳоро кам мекунанд. Дар ин бора президенти он кишвар рӯзи 25 январ фармон имзо кардааст.

Дар маҷмуъ 24% теъдоди умумии кормандони вазоратҳо ва идораҳои Узбекистон кам хоҳад шуд.

Бино ба фармони президенти он кишвар, теъдоди муовинони роҳбарони вазорату идораҳо аз 207 ба 144 расонида хоҳад шуд. 703 мошин ва 10 бино холӣ карда мешавад.

Дар шарҳи фармони президенти Узбекистон омадааст, аз ҳисоби коҳиши теъдоди корманд ва мошинҳо ҳудуди 140 млн доллари буҷа сарфа хоҳад шуд.

Теъдоди умумии кормандони вазорату идораҳои давлатии Узбекистон 56 573 кас таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG