Ссылки доступа

Беморонро ҷавоб доданд, вале сабаби заҳролудшавӣ маълум нест


Даҳҳо сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро аз бемористонҳои ин ноҳия ва шаҳри Кӯлоб ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

48 нафар рӯзи 24-уми январ дар як меҳмонӣ ва пас аз хӯрдани қурутоб дар деҳаи Чагам заҳролуд шуданд.

Мудири Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, Шароф Рустамов, рӯзи 25-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “сиҳат шуданд, ҷавоб додем”.

Рӯзе пеш аҳволи чанд нафар “вазнин” арзёбӣ мешуд. Пизишкон дар ин замина тафсилот надоданд. Ҳамзамон маълум нест, сокинон аз чӣ заҳролуд шудаанд.

Шароф Рустамов гуфт, “ҷавоби санҷиш дар 72 соат маълум мешавад. Беморон хуб шуданд, ҷавоб додем, рафтанд. Натиҷаи санҷиш расид, баъд маълум мешавад, ки сабаб қурут аст ё чизи дигар, аммо ягон маҳсулоти заҳрнок нест.”

Заҳролуд шудани сокинон аз хӯрок дар Тоҷикистон борҳо иттифоқ уфтодааст. Дар охири соли гузашта як хонавода дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баъд аз истеъмоли меваю сабзавоти консервашуда заҳролуд шуданд. Дар он ҳодиса ду нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG