Ссылки доступа

Муовини пешини сарвазири Қирғизистон Жениш Разоқов боздошт шуд


Муовини пешини сарвазири Қирғизистон Жениш Разоқов дар шаҳри Бишкек дастгир шудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаъҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар хабар дод, ки Разоқов ба қаллобӣ айбдор мешавад.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, хабарро дертар шарҳ медиҳанд.

Жениш Разоқов аз соли 1996 то соли 2011 дар мақомоти умури дохилии Қирғизистон кор кардааст. Ӯ солҳои 2012-2016 намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд буд. Разоқов соли 2016 муовини сарвазири Қирғизистон таъйин шуд ва ҳудуди як сол дар ин мақом ифои вазифа кардааст.

XS
SM
MD
LG