Ссылки доступа

Қирғизистон ва Узбекистон таъйини марзҳои худро расман ба поён расонданд


Раванди таъйини хатти марзҳои давлатии Қирғизистон ва Узбекистон расман ба поён расид. Раҳбарони ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов санадҳои тасвибшударо табодул карданд.

Ҷабборов ва Мирзиёев, ки дар доираи сафари давлатӣ дар шаҳри Бишкек қарор дорад, дар поёни гуфтугӯҳои худ эъломияи шарикии ҳамаҷонибаи стратегиро имзо карданд.

Президенти Қирғизистон дар мулоқот бо ҳамтои узбеки худ ба поён расидани раванди таъйини марзҳои ду кишварро ҳодисаи таърихӣ номид.

Шавкат Мирзиёев 26 январ бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафт.

Созишномаи таъйини марзҳои Узбекистон ва Қирғизистонро қаблан порлумонҳои ду кишвар ба тасвиб расонда буданд. Дар порлумони Қирғизистон тасдиқи санад, ки сарнавишти обанбори Кампиробод дар он ҳал мешуд, баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Обанбори Кампиробод, ки онро дар Узбекистон обанбори Андиҷон меноманд, соли 1983 бунёд шудааст. Он дар ҳудуди водии Фарғона ҷойгир буда, манбаи муҳими об ба ҳисоб меравад. Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дораду панҷ баробар бештар назар ба Қирғизистон аст, аксар захираҳои оби онро истифода мекунад. Бисёр фаъолони мадании Қирғизистон, сиёсатмадорони мухолифи ҳукумат ва сокинони атрофи обанбор бо ин созиш розӣ нестанд ва ба ин андешаанд, ки Узбекистон набояд аз обҳои ин обанбор истифода кунад ва замини обанбор бояд дар ихтиёри Қирғизистон монад.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр сарҳад доранд. Пас аз гуфтушунидҳои соли 2017 гузориш дода шуд, ки 85 дарсади сарҳад таъину нишонагузорӣ шуда, 15 дарсади дигар мондааст.

XS
SM
MD
LG