Ссылки доступа

Қазоқистон гаронтарин нархҳо дар Авруосиёро дорад


Нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Қазоқистон нисбат ба ҳамаи кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) гаронтар будааст.

Сомонаи "Inbusiness.kz" бо истинод ба хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ додааст, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Қазоқистон назар ба кишварҳои дигари узви ИИАО 25,3 дарсад гаронтар аст.

Қазоқистон моҳи апрели соли 2022 аз рӯи сатҳи таваррум дар байни кишварҳои ИИАО дар ҷои дуввум қарор гирифт. Он замон баландтарин таваррум дар миёни кишварҳои узви созмон дар Арманистон (2,3 дарсад) ва дар Қазоқистону Қирғизистон - 2 дарсадӣ қайд шуда буд.

Сатҳи таваррум дар охири соли 2022 дар Қазоқистон 20,3 дарсадро ташкил додааст.

Ба узвияти ИИАО Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Белорус ва Русия шомиланд.

XS
SM
MD
LG