Ссылки доступа

Эътилофи воридкунандагони нафт дар Қирғизистон аз болоравии қимати бензин хабар дод


Дар Қирғизистон арзоншавии қимати сӯзишворӣ муваққатӣ, мавсимӣ аст. Дар ин бора президенти Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон Канат Эшатов хабар дод.

Ба гуфтаи Эшатов, воридоти сӯзишворӣ аз Русия мушкиле надорад. Вай афзуд, эҳтимол дорад, дар моҳи феврал қимати бензин дар Қирғизистон боло равад.

"Шуруъ аз моҳи декабри соли 2022 ширкатҳои русӣ бензинро ба мо бо тахфиф фурӯхтанд. Аз ҳамин хотир, ширкатҳои мо низ бензинро бо қимати арзонтар ба фурӯш бароварданд. Бензин то 3-4 сом арзонтар шуд", - Канат Эшатов.

Бино ба созишномаи дуҷонибаи Русияву Қирғизистон, дар соли 2022 Қирғизистон аз Русия 650 ҳазор тона бензин ва 550 ҳазор тона сӯзишвории дизелиро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид кардааст. Дар соли 2023 Русия ин нишондодро кам карда, акнун Қирғизистон метавонад, танҳо 460 ҳазор тона бензин ва 480 ҳазор тона сӯзишвории дизелиро бидуни боҷи гумрукӣ аз Русия харидорӣ кунад.

Дар соли 2020 ширкатҳои қирғизистонӣ аз Русия ҳар тона бензинро 350-долларӣ, дар соли 2021 600-долларӣ ва дар соли 2022 ҳар тонаро 800-долларӣ харидорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG