Ссылки доступа

Вазир аз "истеҳсоли рекордӣ"-и барқ гуфт. Чаро "лимит" аз байн намеравад?


Дар ҳоле ки сокинони минтақаҳо аз камбуди барқ шикоят доранд, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии барқ дар соли гузашта хабар дод.

Ба гуфтаи вазири энержӣ ва захираҳои обӣ Далер Ҷумъа, соли гузашта кишвар зиёда аз 21 млрд. Киловат соат барқ тавлид намуд, ки "баландтарин нишондиҳанда" дар давраи фаъолияти низоми энержии кишвар мебошад. Аммо вазир мушаххасан посух надод, ки чаро бо вуҷуди чунин ҳаҷми тавлиди барқ то ҳол камбуди барқ дар кишвар бартараф нашудааст?

Рӯзи 30-юми январ хабарнигори Радиои Озодӣ зимни нишасти хабарӣ аз Вазири энержӣ пурсид, ки чаро бо вуҷуди дастури раиси ҷумҳур дар бораи таъмини сокинон бо барқ то ҳол сокинони минтақаҳо шабона аз барқ маҳруманд.

Далери Ҷумъа дар ин бора ба таври умумӣ посух дода гуфт, дар рӯзҳои сардӣ низоми энергжии кишвар тавонист мардумро пурра бо барқ таъмин кунад. Аммо сокинони минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, баъди дастури раиси ҷумҳур дар бораи таъмини пурраи сокинон бо барқ танҳо 10 шабонарӯз барқ гирифтанд ва "лимит" дубора бозгашт. Ба гуфтаи сокинон, шабона аз соати 10 то 5-и субҳ барқ надоранд.

Вазири энержӣ ва захираҳои об зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар рӯзҳои сардӣ хароҷоти барқ ба 81 млн. Квт соат барқ расид, ки баландтарин нишондиҳанда дар низоми энержии кишвар аст.

Далер Ҷумъа дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст.

"Дар пеш рӯзҳои хунукӣ пешбинӣ шавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем",-афзуд вазири энержӣ.

XS
SM
MD
LG