Ссылки доступа

Парвандаи "Азаттик" дар Қирғизистон. Созмонҳои хориҷӣ дархости мулоқот бо президентро доранд


Созмони байналхалқии "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" (CPJ) ҳамроҳ бо шаш созмони дигари байналхалқӣ рӯзи 31 январ ба дастгоҳи президенти Қирғизистон нома ирсол кардаанд.

Муаллифони нома аз таъқиби рӯзноманигорон ва фишор ба озодии расонаҳона дар Қирғизистон шикоят кардаанд. Созмонҳои хориҷӣ аз маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ - "Азаттик", ихроҷи рӯзноманигори таҳқиқгари қирғизистонӣ Болот Темиров ва ҳолатҳои дигар мисол овардаанд.

"Ҳангоме президент шудед, шумо гуфта будед, ки дар Қирғизистон озодии расонаҳо таъмин аст. Шумо ҳамчунин гуфта будед, ки таъқиби озодии баён чи зарарҳое дар пай хоҳад дошт. Мо хушҳол мешудем, агар бо шумо мулоқот анҷом диҳем", - омадааст дар нома.

Зери нома ҳамроҳ бо CPJ созмонҳои дигар, аз қабили Article 19, Human Rights Watch, Ниҳоди байналхалқии расонаҳо, Бунёди "Адолат барои рӯзноманигорон", "Бунёди Ҳелсинкии Норвеж" ва "Хабарнигорони бидуни марз" имзо гузоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон рӯзи 23-юми январ аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост кард, фаъолияти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодиро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори ом қатъ кунад.

Дар шикояти вазорат ба додгоҳ омадааст, "гузориши видеоӣ дар бораи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳазф карда нашудааст ва он ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад".

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​

"ДемирБонк"-и Қирғизистон рӯзи 31-уми октябри соли гузашта суратҳисобҳои бонкии "Азаттик Медиа"-ро маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG