Ссылки доступа

Русия барқро ба Қазоқистон бо нархи гарон мефурӯхтааст


Муовини аввали сарвазири Қазоқистон Роман Скляр ба Вазорати энергетикаи ин кишвар дастур дода, ки "барои рафъи камбуди нерӯи барқ" чораҳои фаврӣ андешад.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, Скляр гуфтааст, Қазоқистон ду соли ахир мешавад бо мушкили норасоии барқ рӯбарӯ аст.

"Мо маҷбур шудем, ки ин норасоиро аз ҳисоби барқи хеле гарони Русия ҷуброн кунем. Дар як шабонаруз 1200 МВт барқ намерасад”, - изҳор доштааст ӯ.

Муовини аввали сарвазири Қазоқистон ба Вазорати энергетика ва Бунёди миллии "Самрук-Қазына" дастур додааст, ки то 15 феврал дар робита ба афзоиши иқтидори марказҳои барқу гармидиҳии ин кишвар чора биандешанд.

Сокинони Қазоқистон солҳои ахир аз камбуди нерӯи барқ зиёд шикоят мекунанд. Мақомот ин норасоии неруи барқро ба афзоиши истифодаи он рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG