Ссылки доступа

Қазоқистон интиқоли нафт ба Олмонро моҳи феврал шуруъ мекунад


Вазири энергетикаи Қазоқистон Болат Акчулаков гуфт, кишвараш дар нимаи аввали моҳи феврал ба Олмон бори нахуст дар ҳаҷми 20 ҳазор тонна нафт интиқол хоҳад дод.

Ӯ пештар гуфта буд, ки интиқоли нафти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон ба Олмон оғоз мешавад.

"Мо мехостем, ки то охири моҳи январи имсол интиқол диҳем, аммо мутаассифона, камбудиҳои техникӣ вуҷуд доштанд", - изҳор дошт вазири энергетикаи Қазоқистон.

Вай афзуд, ки "ҳамаи мушкилот рафъ шудааст" ва нафти Қазоқистон нимаи аввали моҳи феврали имсол ба Олмон интиқол дода хоҳад шуд.

Қаблан ширкати миллии лӯлаи нафти Қазоқистон эълом карда буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 тавассути низомҳои лӯлаи нафти ширкати русии "Транснафт" ба Олмон 300 ҳазор тонна нафти қазоқиро интиқол медиҳад.

Мақомоти Олмон ният доранд, бар асоси таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо то охири сол воридоти нафти Русияро тадриҷан бас кунанд. Хабаргузории “Ройтерз” бо истинод ба Майкл Келлнер, котиби давлатии Вазорати иқтисоди миллии Олмон хабар дод, ки Берлин барои афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон талош мекунад.

XS
SM
MD
LG