Ссылки доступа

Блогере дар Узбекистон боздошт шуд, ки истеъфои раиси сенатро талаб карда буд


Блогери узбекистонӣ Элмурод Одиловро рӯзи 31 боздошт ва 15 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд.

Бино ба иттилои додгоҳ, Одилов рӯзи 30 январ аз норасоии неруи барқ дар беморхонаи ноҳияи Яккабағ хабар дода буд. Маъмурияти беморхона аз блогер хост, ки ин масъаларо инъикос накунад. Баъди нашри наворҳо аз беморхона, маъмурияти он ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Ҳафтаи гузашта Элмурод Одилов раиси сенат ё табақаи болоии порлумони Узбекистон Танзила Норбоеваро дар буҳрони энержӣ дар он кишвар айбдор ва истъфои ӯро талаб карда буд.

XS
SM
MD
LG