Ссылки доступа

Аз Остона хостанд, ба фишорҳои Русия алайҳи расонаҳои Қазоқистон вокуниш кунад


Созмони ҳомии расонаҳо "Адил соз" бо нашри номаи боз аз ҳукумати Қазоқистон дархост кард, ки ба фишорҳои Русия алайҳи нашрия ва хабаргузориҳои маҳаллии ин кишвар вокуниш нишон диҳад.

Ин нома ба унвонии вазири иттилооту рушди иҷтимоии Қазоқистон Дархан Кидиралӣ ва вазири умури хориҷии ин кишвар Мухтор Тлеубердӣ навишта шудааст.

Муаллифони нома гуфтаанд, Хадамоти федеролии назорат дар бахши алоқа, технологияҳои иттилотӣ ва иртибототи ҷамъии Русия ё худ Роскомнадзор аз соли гузашта то ҳол дасти кам ба 9 воситаи ахбори омми Қазоқистон фишор меорад, то матлабҳои худ дар бораи ҷанги Украинаро пок кунанд.

"Ҳукумати Қазоқистон барои таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ВАО ва ҳифзи озодии баён, ки Конститутсияи кишвар онро кафолат додааст, вазифадор мебошад. Сензура дар Қазоқистон манъ мебошад”, - омадааст дар нома.

Расонаи қазоқии "Arbat.media" ахиран гуфт, масъулони он барои як матлаб дар бораи ҷанги Украина ба додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Владимири Русия даъват шудаанд.

XS
SM
MD
LG