Ссылки доступа

Обхезӣ дар вилояти Туркистони Қазоқистон боиси кӯч бастани 204 кас шуд


Аз ноҳияҳои вилояти Туркистони Қазоқистон ба далели обхезӣ 204 касро ба макони амн кӯч доданд. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон бо такя ба мақомоти ҳолатҳои фавқулода хабар доданд.

Барои сокинони офатзада дар ноҳияи Саурани ҳамин вилоят макони амн омода шудааст.

Дар ноҳияҳои Байдибек, Ордабасин, Сауран 21 кӯча ва 235 манзил зери об мондааст.

Барои наҷоти сокинон бештар аз 400 корманди ҳолатҳои фавқулода, қариб 70 техника сафарбар шудааст.

Рӯзи 2 феврал дар вилояти Туркистони Қазоқистон дар натиҷаи обшавии барф ва боридани борони зиёд сатҳи об дар минтақаҳои аҳолинишин боло рафт.

XS
SM
MD
LG