Ссылки доступа

Нуқтаҳои фурӯши газ дар Узбекистон дубора боз мешаванд


Нуқтаҳои фурӯши газ дар Узбекистон, ки 22 рӯз пеш баста шуда буданд, шуруъ аз 2 феврал дубора ба фаъолият пардохтаанд.

Ба иттилои вазорати энержии Узбекистон, мақомоти маҳаллӣ тасмим мегиранд, ки кадом нуқтаи фурӯш кай боз шавад.

Дар Узбекистон рӯзи 12 январ нуқтаҳои фурӯши гази табиӣ муваққатан баста шуданд.

Дар вазорати энержии Узбекистон гуфтанд, ки бастани нуқтаҳои фурӯши газ муваққатӣ буд ва ба хотири таъмини беҳтари аҳолӣ бо гази табиӣ рӯи даст гирифта шуда буд.

Баъди бастани нуқтаҳои фурӯши газ қимати бензин дар он кишвар боло рафт.

XS
SM
MD
LG