Ссылки доступа

Қазоқистон иҷозат надод, ба Русия пиёз содир карда шавад


Мақомоти Қазоқистон ба 23 мошини борбар иҷоза надоданд, ки ба Русия пиёз ворид кунанд.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин пиёзҳо бояд дар дохили кишвар фурӯхта шаванд.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки ба далели сардиҳои ахир бисёре аз мававу сабзавотро дар анборҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сармо задааст. Дар натиҷа қимати маҳсулот дар бозорҳо боло рафт ва ҳамчунин бархе аз маҳсулот камёфт шуд. Дар робита ба ин ҳолат, Қазоқистон шуруъ аз 28 январ содироти пиёзро ба хориҷ муваққатан манъ кард.

Қариб ду ҳафта пеш вазорати кишоварзии Узбекистон ҳам хабар дод, ки содироти пиёз ба хориҷ муваққат манъ шудааст. Ахиран мақомоти Тоҷикистон низ аз чунин тасмим хабар доданд.

XS
SM
MD
LG