Ссылки доступа

Коршикании ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Қазоқистон


Ҳудуди 50 ронандаи автобусҳои ширкати "Семавтопарк" дар шаҳри Семейи Қазоқистон субҳи 6 феврал бо талаби шароити беҳтари корӣ ва афзоиши маош ба кор набаромаданд

Истгоҳҳои автобус дар шаҳри Семей субҳи 6 феврал пур аз мусофир буд ва нархи таксӣ низ якбора боло бурда шуд.

Яке аз ронандагон гуфт, бо талаби шароити беҳтари корӣ ва афзоиши маош коршиканӣ карданд. "Талаб дорем, ки маошро бештар ва шароити корро беҳтар кунанд. Нархҳо гарон мешаванд, вале маоши мо ҳанӯз ҳам дар сатҳи соли 2019 қарор дорад", - изҳор доштанд ронандагони норозӣ.

Дертар хабар дода шуд, ки молики ширкати "Семавтопарк" Григорий Пинчук бо шаҳрдори Семей мулоқот карда, ба созиш расидаанд, ки аз 1 феврал маоши ронандагонро то 30-40 дарсад зиёд кунанд.

Ронандагон мегӯянд, ба онҳо ваъда дода буданд, ки маошашонро дар моҳи январ зиёд мекунанд, вале накарданд. Онҳо ҳамчунин шикоят доранд, ки дар як рӯз ба ҷои 8 соат, 12-16 соат кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG