Ссылки доступа

Вокуниши Остона ба фишорҳои Русия алайҳи расонаҳои қазоқӣ


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба қазияи масъулони расонаи маҳаллии ин кишвар "Arbat.media", ки барои як матлаб дар бораи ҷанги Украина ба додгоҳи Русия даъват шудаанд, вокуниш нишон кард.

"Arbat.media" мегӯяд, масъулони вазорат гуфтаанд, додгоҳи Русия аз талаботи қонунгузории мурофиавии граждании кишвари худ берун рафтааст.

"Чораҳои андешидаи онҳо барои бастани ин ё он манбаи хабарӣ дар қаламрави Русия ба қонунгузории он кишвар асос ёфтааст. Қарори онҳо эътибори ҳуқуқӣ надорад ва дар қаламрави Қазоқистон татбиқ намешавад", - гуфтаанд дар вазорат.

Расонаи қазоқии "Arbat.media" ахиран гуфт, масъулони он барои як матлаб дар бораи ҷанги Украина ба додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Владимири Русия даъват шудаанд. Сомона матлаберо таҳти унвони "Ғосибони русиягӣ дар вилояти Херсон шикаст мехӯранд, аммо намехоҳанд онро эътироф кунанд" нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG