Ссылки доступа

Ҳалокати 2700 кас. Зилзилаи маргбор дар Туркия ва Сурия


Бар асари заминларзаи 7,8-дараҷаӣ дар Туркия ва Сурия камаш 2700 кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса бомдоди 6-уми феврал рӯй дод.

Мақомот гуфтанд, эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш ёбад, чун берун овардани одамон аз зери вайронаҳо ҳанӯз идома дорад.

Ба иттилои пизишкону манобеи расмӣ, дар Туркия дастикам 1651 нафар ва дар Сурия 1073 нафар ҷон бохтаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, заминларзаи субҳи душанбе "зилзилаи бузургтарин аз соли 1939 мебошад".

Украина, Русия ва Амрико аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки билофосила ваъда додаанд, ба Туркияву Сурия маъмурони наҷот ва ёриҳои дигар мефиристанд.

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфт, Киев омода аст, як гурӯҳи бузурги маъмурони наҷотро ба Туркия равон кунад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар суҳбати телефонӣ бо раҳбари Сурия Башор Асад ва раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ваъда додааст, ки ба ҳарду кишвар наҷотдиҳандаҳоро мефиристад.

Шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия кору иқомат доранд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар эъломияе гуфт, "тоҷикон осеб надиданд".

Баҳриддин Валиев, тоҷики муқими Ғозиёнтеппа, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ва хонаводааш аз зилзилаи маргбор ҷон ба саломат бурданд ва ҳоло дар дохили мошин нишастаанд.

Муассисаи зилзилашиносии Амрико мегӯяд, заминларза соати 4:17 ба вақти маҳаллӣ рӯй дод. Бино ба ин гузориш, зилзила дар 17,9-километрии умқи замин ба вуқуъ пайвастааст.

Аксу видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки биноҳо дар чанд шаҳр вайрон шудаанд. Гуфта мешавад, маркази зилзила дар 30-километрии шимол-ғарби Ғозиёнтеппа ва 114-киометрии шаҳри Ҳалаби Сурия будааст.

Мақомҳои Туркия мегӯянд, ин заминларза ба минтақаҳои мухталиф дар даҳ вилояти ин кишвар осеб расонидааст. Шаҳри Ғозиёнтеппа, ки ду миллион аҳолӣ дорад, хисороти зиёде дидааст. Ҳамчунин бар асари ин заминларза як хати лӯлаи газ дар дар ҷануби Туркия таркидааст.

Дар минтақаи аслии вуқӯи зилзила дар ду сӯи марз, миллионҳо паноҳандаи суриягӣ зиндагӣ мекунанд ва минтақаи осебдида аз зилзила дар шимоли Сурия, қаламравҳое аст, ки назорати он байни ҳукумати марказии Димишқ ва мухолифони он тақсим шудааст.

Тибқи гузоришҳо, ин заминларза хисороте низ дар шаҳри Ҳимо дар Сурия ба ҷой гузоштааст.

Гурӯҳи "Дифои ғайринизомии Сурия", як созмони мухолифи ҳукумати Башор Асад дар Сурия, бо нашри баёнияе навишт, бар асари ин зилзила даҳҳо нафар ҷон бохта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Бар пояи ин баёния, ин амр боис ба саргардонии мардум дар сармо шудааст. Ин гурӯҳ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ба режими Башор Асад ва муттаҳиди ӯ, Русия фишор биоварад, то аз бомбаборони минтақаҳои осебдида худдорӣ кунанд.

Мардум дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Ироқ, Лубнон ва Урдун ҳам зилзиларо ҳис кардаанд.

XS
SM
MD
LG