Ссылки доступа

Дар заминларзаи Туркия як шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтааст


Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир дар Туркия як шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтааст.

Ҳамчунин чаҳор шаҳрванди дигари Узбекистон бедарак шудааст. Манбаъ афзуда, ки ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.

Дар сафорати Узбекистон дар шаҳри Анқара барои кумак ба узбекистониҳои муқими Туркия ситоди шабонарӯзӣ ташкил гаштааст.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон гуфтааст, кормандони наҷоти ин кишвар барои кумак дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза озими Туркия шуданд.

Бар асари заминларзаи 7,8-дараҷаӣ дар Туркия ва Сурия беш аз 4000 кас ҷон бохтаанд. Ҳодиса бомдоди 6-уми феврал рӯй дод. Мақомот гуфтанд, эҳтимол теъдоди қурбониён афзоиш ёбад, чун берун овардани одамон аз зери вайронаҳо ҳанӯз идома дорад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, заминларзаи субҳи душанбе "зилзилаи бузургтарин аз соли 1939 мебошад".

XS
SM
MD
LG