Ссылки доступа

Фаъоли қарақалпоқистонӣ: Шамшетов шоҳиди асосии истифодаи силоҳ дар Нуқус буд


Фаъоли маданӣ аз Қарақалпоқистон Оқилбек Муродов гуфт, Полат Шамшетов, ки ахиран ба таври асроромез дар боздоштгоҳ ҷон бохт, шоҳиди асосии истифодаи силоҳ алайҳи эътирозгарони шаҳри Нуқус буд.

"Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ки аз силоҳ истифода нашудааст. Аммо намояндагони созмони байналмилалии "Human Rights Watch" гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқи башарро нашр карданд, ки дар ин ҳодиса силоҳи оташфишон ва норинҷак истифода шудааст. Полат Шамшетов яке аз шоҳидони асосии истифодаи силоҳ буд, ки муҳимтарин паҳлуи рӯйдодҳои моҳи июли Қарақалпоқистон мебошад”, - изҳор дошт Муродов.

Полат Шамшетов, ки 31 январи имсол бо ҷурми ташкили бетартибиҳои оммавӣ 6 сол зиндонӣ шуда буд, субҳи 4 феврал дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон бохт. Мақомот гуфтанд, эҳтимол бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG