Ссылки доступа

Қазоқистон барои рафъи оқибатҳои заминларза ба Туркия 1 миллион доллар медиҳад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ба ҳукуматаш дастур дод, ки ҳамчун кӯмаки фаврӣ ба Туркия 1 миллион доллар ирсол кунад. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон субҳи 8 феврал хабар доданд.

Мақомоти Қазоқистон бо ҷониби Туркия ҳамчунин масъалаи расонидани кӯмаки иловагиро барои раъфи оқибатҳои зилзила баррасӣ кардаанд.

Рӯзи 7 феврал 41 тан наҷотдиҳандагон ва пизишкони қазоқистонӣ ба шаҳри Ғозиёнтепи Туркия рафтанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза кӯмак мерасонанд.

То субҳи 8 феврал теъдоди умумии қурбониёни заминларза дар ҷануби Туркия ва минтақаҳои шимолии Сурия ба бештар аз 7,2 ҳазор кас расид. Шумори қурбониён дар Туркия ба 5400 кас расида ва бештар аз 32 ҳазор тани дигар маҷруҳ шудаанд. Танҳо дар Туркия қариб 6 ҳазор бино тахриб шудааст.

XS
SM
MD
LG