Ссылки доступа

Дар Тошканд як блогер бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шуд


Абдуқодир Муминов.
Абдуқодир Муминов.

Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканди Узбекистон боздошти блогер Абдуқодир Муминовро тасдиқ кард.

Дар иттилоияи раёсат омадааст, ки блогери узбек дар "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" гумонбар мешавад.

Муминов гӯиё соли 2021 ба муассиси як ширкат, ки зиддаш парванда боз шуда буд, ваъда додааст, бар ивази маблағ метавонад дар "ҳалли мушкили пешомада мусоидат кунад". Ӯ гӯё ваъда додааст, ки тавассути нашри силсила наворҳои худ "мусоидат мекардааст", то муфаттишон нисбат ба ширкати мазкур хулосаи мусбат диҳанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон 8 феврал хабар доданд, ки блогери маъруфи тошкандӣ ва маъмури канали "Ko'zgu" дар шабакаи Ютуб Абдуқодир Муъминов бедарак шудааст.

Наздикони Муминов гуфтанд, шахсоне дар либоси мулкӣ манзили зисти блогерро дар ноҳияи Яшнободи Тошканд бозҷӯӣ карданд.

Боздошти Муминов дар пасманзари бозҷӯии коргоҳи сомонаи "Human.uz", бозшавии парванда алайҳи чандин рӯзноманигор ва блогери узбекистонӣ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG