Ссылки доступа

Дар робита ба ҳодисаҳои Нуқус се қудратӣ боздошт шудааст


Се корманди қудратии Қарақалпоқистон дар доираи парвандаи ҷиноие, ки дар робита ба амалҳои ғайриқонунии маъмурони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни ҳодисаҳои шаҳри Нуқус боз шуда буд, дастгир гаштааст.

Хадамоти матбуотии Додситони кулли Узбекистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир тафтишот зидди қудратиҳои дастгиршуда ҷараён дорад. "Баъди ба поён расидани тафтишот парванда ба додгоҳ фиристода мешавад", - афзудааст додситонӣ.

Қаблан комиссияи мустақиле, ки барои омӯзиши ҳодисаҳои Нуқус аз сӯи порлумон ташкил шудааст, аз Додситонии кулли Узбекистон дархост карда буд, то ба як қатор суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба ҳодисаҳо посух диҳад.

Аз ҷумла, аз додситонӣ пурсида шудааст, оё қудратиҳое, ки дар ҷараёни ҳодисаҳо аз ҳадди ваколати худ берун рафтаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд,ё не.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG