Ссылки доступа

Узбекистон ба Туркия 71 наҷотдиҳандаи дигар фиристод


Вазорати умури хориҷии Узбекистон хабар дод, ки бо дастури раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Туркия як гуруҳи иловагии наҷотдиҳандагон фиристода шудааст.

Ба иттилои вазорат, ин гуруҳ аз 71 кас иборат буда, дар бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Ғозиёнтеппаи Туркия кумак хоҳанд кард.

Ҳамчунин тавассути ҳавопаймое, ки наҷотдиҳандагон ба Туркия сафар карданд, кумаки башардӯстона фиристода шудааст.

Қаблан хабар доданд, ки Узбекистон тавассути ду ҳавопаймо ба Туркия 100 корманди наҷот ва кумаки башардӯстона фиристодааст.

XS
SM
MD
LG