Ссылки доступа

Як мард дар назди сафорати Русия дар Бишкек чархи мошинро оташ зад


Пулиси шаҳри Бишкек мегӯяд, мардеро, ки мехост дар назди сафорати Русия дар пойтахти Қирғизистон иқдоми эътирозиро ташкил кунад, дастгир кард.

Тибқи иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ин мард дар назди девори сафорат чархи мошинро оташ задааст.

Ӯ натавонистааст, ҳадафи иқдоми худро шарҳ диҳад. Танҳо гуфтааст, ки ҳафт бор ба президенти Русия Владимир Путин нома навишт, вале ҷавобе нагирифт. "Ман ҳатто муроҷиати видеоӣ кардам, аммо ҷавоб надоданд", - афзуд ӯ.

Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек гуфтанд, мард 61 сол дорад ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Сафорати Русия то ҳол қазияро шарҳ надодааст.

Сокинони Қирғизистон соли гузашта, баъди ҳамла ба Украина дар назди сафорати Русия дар Бишкек чандин бор иқдоми эътирозӣ баргузор ва ҳамларо маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG