Ссылки доступа

Дар шаҳри Тошканд то тасдиқи нақшаи нави куллӣ сохтмони биноҳоро манъ мекунанд


Дар шаҳри Тошканди Узбекистон то тасдиқи нақшаи нави куллии шаҳр сохтмони ҳама гуна биноҳо манъ мешавад. Дар ин бора президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев рӯзи 8 феврал хабар дод.

Мирзиёев гуфтааст, ҳангоми додани иҷозаи сохтмон зарфияти зерсохторҳои мавҷуда ба инобат гирифта нашуда ва кабудизорсозӣ ҳамроҳ бо сохтмон пеш нарафтааст.

Вай ба мақомоти шаҳри Тошканд дастур додааст, ки соли ҷорӣ сатҳи кабудизорҳои шаҳрро ба 28% расонанд. Бо ин ҳадаф дар Тошканд як боғи нав дар майдони 100 га замин бунёд ва баҳор 525 ҳазор дарахту бутта ва 20 миллион гул шинонда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG