Ссылки доступа

Ном ва забон. Санҷиши нави соҳибкорон дар Тоҷикистон


Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба хотири пешгирӣ аз хатову ғалат дар номи ширкатҳо, соҳибкорон пеш аз сабти номи ниҳоди худ аз санҷиши забон гузаранд.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи 9-уми феврал гуфт, Кумитаи андоз пешниҳоди онҳоро пазируфтааст.

"Риоя нагардидани меъёри забони давлатиро дар эълону навиштаҳои марказу дӯконҳо ошкор мекунем, ислоҳ мешаванд, вале бо дигар шудани соҳибкор боз иштибоҳҳо такрор мешаванд," -- афзуд ӯ.

Ба қавли раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ғалат навиштан ё риоя накардани қонуни забони давлатӣ дар дӯкону мағозаҳо асосан дар шаҳрҳо, аз ҷумла дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ба назар мерасад. Барои ҳамин, ба хулосае омаданд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз, соҳибкорон пеш сабтином аз ташхиси забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот гузаранд.

Вай афзуд, санади соҳибкорон, ки ба равзанаи ягонаи Кумитаи андоз пешниҳод мешавад, ҷанбаи мутобиқаташон бо меъёрҳои забони давлатӣ аввал дар Кумитаи забон ва истилоҳот санҷида мешаванд.

Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷик, ки дар гузашта соҳибкориро таҷриба кардааст, тасмими Кумитаи забонро "як навъ монеа" ва "замина барои рушди фасоди молӣ" номид.

Ӯ гуфт: "Агар Кумитаи забон воқеан аз вазъи номгузорӣ нигарон аст, метавонад, танҳо номгузориро зери назорат бигирад. Яъне соҳибкорон пеш аз гузоштани ном онро бо кумита ҳамоҳанг кунанд. Барои пешгирӣ аз як фасоди дигар, ин кор набояд мустақим, балки тавассути Кумитаи андоз ё нотариусҳо анҷом шавад. Ин ду ниҳод номи гузоштаи соҳибкоронро ба Кумитаи забон фиристанд ва баъд тасдиқи он ширкат ё мағозаро ба қайд гиранд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Кумитаи забон ба номгузории фурӯшгоҳҳо эрод дорад
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:42 0:00

Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта барои риоя накардани муқаррароти Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 78 парвандаи маъмурӣ тартиб дода, афроди гуногунро 68 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

Барои соҳибкорон санҷиши забон боз як монеаи зудтар оғоз кардани тиҷорат шумурда мешавад.

Кумитаи забон дар баробари соҳибкорон, дар вазорату идораҳои давлатӣ низ санҷиши вазъи рияои забони давлатиро гузаронида, камбудҳое ошкор кардааст. Вале раиси ин ниҳод аз гуфтани номи вазорату идораҳо ва шарҳи нақзи қонуни забон аз сӯи кормандони онҳо худдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG