Ссылки доступа

Номзадии рӯзноманигори қазоқистонӣ Динара Егеубоеваро ба мақоми вакилӣ сабт карданд


Динара Егеубоева, рӯзноманигори қазоқистонӣ аз шаҳри Алмато ба мақоми вакилӣ номзад шудааст. Дар ин бора вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

"Хушбинии зиёд надорам, зеро мақомот аз рӯи низоми пешин кор мекунанд. Аз ҳамин хотир бояд онро шикаст. Аз нозирони мустақил вобастагии зиёде мавҷуд аст", - гуфт Динара Егеубоева.

Егеубоева аз рафторҳои ҳукумат интиқод мекунад ва як соли охир дар бораи таҳқиқи ҳодисаҳои маъруф ба январии он кишвар бисёр менависад.

Егеубоева рӯзи 14 январ навишт, ки афроди ношинос ба дохили мошини вай хишт партофта ва онро оташ задаанд. Рӯзи 5 феврал вай ҳамчунин навишт, ки ба писараш бо таппонча ҳамла шудааст.

Интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон рӯзи 19 март баргузор хоҳад шуд. Пешбарии номзадҳо 20 январ оғоз гардид ва 8 феврал ба поён расид. Акнун то 18 феврал ҷараёни сабти ном идома мекунад.

Чанде аз фаъолони шаҳрвандӣ низ гуфтанд, дар интихобот номзад хоҳанд шуд. Комисияи интихоботии Қазоқистон бархе аз онҳоро сабти ном накард. Коршиносон мегӯянд, мақомот фаъолонеро ба интихобт роҳ нахоҳанд дод, ки фаъолиятҳои сиёсӣ доранд.

XS
SM
MD
LG