Ссылки доступа

Ҷасади як қазоқистониро аз зери харобаҳои зилзилаи Туркия берун оварданд


Зери харобаҳои биное дар вилояти Хатайи Туркия ҷасади шаҳрванди Қазоқистон Адил Қодирбеков пайдо шуд.

Наҷотдиҳандагони қазоқистониву туркӣ шаҳрвандони Қазоқистон Адил Қодирбеков ва Мирболат Курмашевро меҷустанд. Ҷасади Қодирбеков пайдо, аммо дар бораи Курмашев ҳанӯз иттилое нест. Эҳтимол меравад, вай низ зери харобаҳои биное бошад, ки ҷасади Қодирбеков онҷо пайдо шуд.

"Вазорати корҳои хориҷӣ талош мекунад, ки ҷасади Қодирбеков ба ватан оварда шавад", - гуфт Ойбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Рӯзи 8 феврал шаҳрванди дигари Қазоқистон Сабина Мамадиярова пайдо шуд. Мамадияроваро аз зери харобаҳо зинда, вале бо дасти шикаста берун оварданд.

Теъдоди қурбониёни зилзилаи рӯзи 6 феврал дар Туркияву Сурия бо гузашти ҳар соат меафзояд. Бино ба иттилои охирин, теъдоди қурбониён ба бештар аз 19 ҳазор расидааст.

XS
SM
MD
LG