Ссылки доступа

Қазоқистон ба Сурия кумаки башардӯстона мефиристад


Syria Turkey Earthquake

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ба Сурия, ки дар натиҷаи заминларзаи ахир минтақаи ҳаммарзи он бо Туркия зарар дидааст, 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристанд.

Хадамоти матбуотии ҳукумат Қазоқистон иттилоъ дода, ки ин тасмим дар ҷаласаи комиссияи кумакҳои башардӯстонаи байналмилалии он кишвар гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби захираҳои давлатии Қазоқистон ба сокинони Сурия либоси гарм, хаймаҳои зимистона, кат ва рахти хоб фиристода мешавад.

Ин кумак тавассути Созмони ҳамкориҳои исломӣ бо чаҳор парвоз ба минтақаи Ҳалаби Сурия интиқол хоҳад ёфт.

Дар Сурия теъдоди қурбониён ба бештар аз 3 ҳазор расидааст. Теъдоди маҷруҳ, бино ба иттилои СММ, ба бештар аз 5 ҳазор кас расидааст.

Аз бештар аз 70 кишвар ба Туркияву Сурия наҷотдиҳандагону пизишкон барои наҷоти дармондагону захмиён омадаанд. СММ аз бунёди фавқулодааш барои кӯмаки фаврии башарӣ ба зарардидагони Туркияву Сурия 25 млн доллар ҷудо кард.

XS
SM
MD
LG