Ссылки доступа

"Парвандаи Кампиробод": зидди додраси пешин айби нав эълом шуд


Зидди яке аз гумонбарони ба истилоҳ, "парвандаи Кампиробод" ва собиқ додраси Палатаи конститутсионии Қирғизистон Клара Сооронкулова айби нав эълом шудааст.

Вакили дифои Сооронкулова Чинара Ҷакупбекова хабар дод, ки айбномаи нав зидди шахси зери ҳимояаш ба бознашри матлабе рабт дорад, ки аз сӯи фаъоли маданӣ Мирлан Ураимов дар шабакаи иҷтимоӣ нашр шуда буд.

"Ин навишта дар доираи флешмоби "Агар ҳабс мекунед, ҳамаи моро ҳабс кунед" нашр шуда буд. Навишта як сол пеш нашр гаштааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон он замон матлабро аз ташхис гузаронд, вале парванда боз накард", - афзудааст вакили дифоъ.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Рӯзи 22 октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд ва дар маҷмуъ 26 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Мақомоти Қирғизистон онҳоро дар "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳо" гумонбар мекунанд.

XS
SM
MD
LG