Ссылки доступа

Боздошти сардори Оҷонси рушди шабакаи дорухонаҳои Узбекистон


Сардори Оҷонси рушди шабакаи дорухонаҳои Узбекистон К. С. дастгир шудааст.

Оҷонси мубориза бо коррупсияи узбекистон хабар додааст, ки боздошти К. С. дар доираи тафтиши парвандаи фавти кудакон баъди истеъмоли шарбати "Doc-1 Max" ва" Ambronol" сурат гирифтааст.

Дар Узбекистон моҳи декабри соли гузашта 19 кӯдак аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.

Марги 19 кӯдак интиқоди зиёдро дар дохили Узбекистон ба миён овард ва президент Шавкат Мирзиёев роҳбари Оҷонсии рушди саноати дорусозиро аз мақомаш барканор кард. Хадамоти амнияти Узбекистон намояндаи ширкати воридкунандаи “Док-1 Макс” ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи дорувориро боздошт кардааст.

Тибқи ташхисҳои пешакӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.

XS
SM
MD
LG