Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони "Senimdi Kurylys" коршиканиро қатъ карданд


Кормандони ширкати "Senimdi Kurylys" (SK) — пудратчии ширкати "Тенгизшевройл" дар кони Тенгизи Қазоқистон коршиканиро қатъ карданд.

Намояндаи раҳбарияти ширкат хабари қатъи коршиканиро тасдиқ кард, вале ҳанӯз маълум нест, ки талаби кормандони норозӣ иҷро мешавад, ё не.

Беш аз 200 корманди SK 11 феврал коршиканӣ карданд. Онҳо талаб намуданд, ки маошашон 20 дарсад зиёд ва шароити корияшон, аз ҷумла шароити зист дар хобгоҳҳо беҳтар карда шуда, кормандон бо дастгоҳҳои муҳофизати шахсӣ таъмин шаванд.

Эътирозгарон ҳамчунин хостанд, ба далели сатҳи баланди таваррум ба ҳар як корманд ҳамчун пардохти якдафъаина 500 ҳазор танга дода шавад.

Мақомоти қазоқ рӯзи шанбе хабар доданд, ки барои ҳалли мушкил дар кони мазкур комиссия ташкил шудааст.

XS
SM
MD
LG