Ссылки доступа

Созиши нави Тошканду Кобул барои истифодаи роҳи оҳани "Мазори Шариф-Хайратон"


Узбекистон ва Афғонистон дар робита ба истифодаи қитъаи роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шарифан дар давоми ду соли оянда созишномаи нав ба имзо расониданд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Ширкати давлатии “Ӯзбекистон темир йӯллари” хабар доданд, ки намояндагони Идораи роҳи оҳани Афғонистон ва “Суғдиён Транс” (ширкати фаръии “Ӯзбекистон темир йӯллари”) 12 феврал дар шаҳри Тирмиз созишномаро имзо карданд.

Тибқи созишнома, “Суғдиён Транс” давоми ду соли оянда фаъолияти худро дар қитъаи роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шарифан идома хоҳад дод. Ҳамчунин ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки барқарорсозии муштараки интиқоли мол ба истгоҳи Мазори Шариф ва омода кардани мутахассисони Идораи роҳи оҳани Афғонистонро суръат бахшанд.

Қаблан телевизиони "Tolonews" хабар дода буд, ки гуруҳи Толибон бо ширкати қазоқии "Mansour Fatih" барои хидматрасонӣ дар масири роҳи оҳани Мазори Шариф-Хайратон созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Аммо “Ӯзбекистон темир йӯллари” ин хабарро рад кард.

Ин роҳи оҳани 75-километрӣ маркази тиҷории шимоли Афғонистонро бо марзи Узбекистон мепайвандад. Роҳи мазкурро “Ӯзбекистон темир йӯллари” соли 2010 асосан бо пули Бонки осиёии рушд бунёд кард ва барои нигоҳдории он ширкати фаръии “Суғдиён Транс”-ро таъсис дод.

XS
SM
MD
LG