Лоиҳаи "Новая газета. Европа" бо истинод ба муовини сардори Бюрои ҳуқуқи инсони Қазоқистон Денис Диваг хабар дод, ки қарор аст, Козакро 12 феврал ба боздоштгоҳ баранд. Ба иттилои нашрия, шаҳрванди Русия аллакай аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардааст.
Денис Диваг гуфт, баррасии дархости шаҳрванди Русия метавонад то се моҳ давом кунад ва имкони то ба ним сол тамдид шудани ин муҳлат низ вуҷуд дорад.
Шаҳрванди Русия 9 феврали имсол дар Алмато дастгир шуд.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо истинод ба пулиси Қазоқистон иттилоъ дод, ки Козак барои навиштани як шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "сафедкунии оммавии терроризм" гумонбар аст. Дар ватан ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.