Ссылки доступа

Қирғизистон ба Туркия 50 наҷотдиҳандаи дигар фиристодааст


Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон эълом кард, ки ба Туркия 50 корманди дигари наҷоти худро фиристодааст.

Ба гуфтаи вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Бообек Ажикеев, 12 феврал 50 корманди наҷот, 6 табиб, 75 хайма ва шахсоне, ки онҳоро насб мекунанд, тавассути парвози махсус ба Туркия фиристода шудаанд.

Вазири қирғиз афзудааст, ки давоми ҳафтаи оянда ба Туркия 50 корманди дигари наҷот ва хаймаҳо фиристода мешавад.

Мақомоти Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, ки 12 феврал ба Туркия 100 корманди наҷоти дигар мефиристанд. Пештар, дар рӯзҳои аввали баъди заминларза 63 корманди наҷоти Қирғизистон ба Туркия сафарбар шуда буданд.

Шумори қурбониёни заминларзаи сахти 6 феврал дар Туркия ва Сурия ба беш аз 34 ҳазор расида, эҳтимоли афзоиши ҳалокшудаҳо хеле зиёд аст. Зеро то имрӯз на ҳамаро аз зери харобаҳо берун овардаанд.

XS
SM
MD
LG