Ссылки доступа

Дар Қирғизистон роҳбари як бемористонро ба ҳабс гирифтанд


Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон роҳбари беморхонаи "Микрохирургияи чашм" Алмосбек Исмонқуловро то 9 апрели соли 2023 ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Расонаҳои қирғизистонӣ менависанд, як корманди шаҳрдории Бишкек низ боздошт шудааст. Ба иттилои манобеъ, корманди боздоштшудаи шаҳрдорӣ мудири Департаменти идорасозии амволи шаҳрии Бишкек Талант Рисқулбек уулу аст. Ин мақомдор низ то 9 апрел дар ҳасб мемонад.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 10 феврал хабар дод, ки нисбати Алмосбек Исмонқулов ва чанд мансабдори шаҳрии дигар бо моддаи "Фасодкорӣ" парванда боз кардааст. Ба иттилои додситонӣ, гумонбарон "дидаву дониста яке аз биноҳои марбут ба беморхонаи шаҳрии №6-ро бо қимати арзон ба иҷро додаанд".

Алмосбек Исмонқулов дар Қирғизистон пизишки маъруф аст. Вай аз соли 1988 фаъолияти тиббӣ дорад.

XS
SM
MD
LG