Ссылки доступа

Наҷотдиҳандагони қирғизистонӣ чаҳор касро дар Туркия аз зери харобаҳо берун оварданд


Наҷотдиҳандагони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон аз зери харобаҳои заминларза дар Туркия чаҳор касро берун оварданд.

Ба иттилои вазорат, миёни наҷотёфтагон як кӯдаки 7-сола низ ҳаст. Ба ҷуз ин, наҷотдиҳандагони қирғизистонӣ як зани ҳомиларо низ берун оварданд. "Зани ҳомилаи 22-сола, ки дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор дорад, аз зери харобаҳо берун оварда шуд", - иттилоъ медиҳад вазорат.

Дар маҷмуъ, наҷотдиҳандагони қирғизистонӣ чаҳор касро аз зери харобаҳо берун овардаанд.

Расонаҳо менависанд, дар натиҷаи заминларзаи субҳи 6 феврал дар Туркияву Сурия бештар аз 33 ҳазор кас фавтидааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷустуҷӯи одамон идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG