Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мусофиркашонӣ бо баъзеи мошинҳо манъ мешавад


Вазорати умури дохилии Қирғизистон лоиҳаи қарореро ба баррасии ом пешниҳод кардааст, ки фаъолияти таксиҳои дорои чанбарак аз тарафи ростро манъ мекунад.

Муаллифони ин лоиҳа, ки дар сомонаи Девони вазирони Қирғизистон нашр шудааст, пешниҳод доранд, то истифодаи мошинҳои дорои чамбараки рост барои мусофирбарӣ, интиқоли бағоч ё бор манъ карда шавад.

Ба гуфтаи муаллифон, ин маҳдудият ба хотири "таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои вазнин бо иштироки воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва назорати фаъолияти нақлиётӣ" пешниҳод карда шудааст.

Бисёре аз таксиҳо дар Қирғизистон мошинҳои дорои чамбараки рост ҳастанд. Онҳоро асосан аз Ҷопон меоранд. Бартарии аввалиндараҷаи ин навъи мошинҳо арзон будани онҳост.

Дар Қирғизистон чанд соли пеш чунин лоиҳаи қонун қабул, аммо баъдтар иҷрои он ба таъхир гузошта шуд. Мақомот мегӯянд, маҳз мошинҳои дорои чамбаракҳои рост боиси сар задани садамаҳо мешаванд.

XS
SM
MD
LG