Ссылки доступа

Ноибсарвазири Қазоқистон гуфт, чаро фурудгоҳи Уралро ба русиягиҳо фурӯхтанд


Ноибсарвазири Қазоқистон Алтай Кулгинов рӯзи 14 феврал гуфт, ки чаро 49 дарсади саҳмияҳои фурудгоҳи шаҳри Уралро ба ширкати сарватманди русиягӣ фурӯхтаанд.

Пештар аз ин Кулгинов ҳокими вилояти Қазоқистони Ғарбӣ буд, ки шаҳри Уралск дар ин вилоят ҷойгир аст.

Дар навбати худ Ерулан Жамаубоев, вазири молияи Қазоқистон гуфт, ки фурудгоҳи Урал дар ихтиёри мудирияти муътамад аст. Як қисми фурудгоҳ ба ҳукумат ва ширкати мустақили маҳаллӣ тааллуқ дорад.

"То ҷое ман медонам, хати парвозу нишаст дар ихтиёри ҳукумат аст. Ба ин тартиб, иншооти стратегиро хориҷиҳо дар ихтиёр надоранд", - гуфт Жамаубоев.

Вазир ваъда кард, ки дар ин бора дертар иттилои муфассал хоҳад дод.

Расонаҳо рӯзи 10 феврал навиштанд, ки фурудгоҳи шаҳри Уралскро ширкати русии "Орал аэропор холдинг" харидааст. Ҳаммуассиси ширкати мазкур ширкати "Ретранс" аст. Ширкати "Ретранс" ба миллиардери русиягӣ Виктор Векселберг тааллуқ дорад. Нисбати Векселберг таҳримҳои ғарбӣ ҷорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG