Ссылки доступа

Додситонии ҳарбии Узбекистон марги як сарбозро худкушӣ номид


Додситонии ҳарбии минтақаи Тошканди Узбекистон гуфт, сарбози қаторӣ Мирҷамол Имомов, ки моҳи январи соли ҷорӣ дар қисми низомӣ фавтид, худкушӣ кардааст.

Ба ин далел, мақомоти тафтишотии Узбекистон дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд, хабар медиҳад Додситонии кулли Узбекистон.

Ба иттилои мақомоти додситонии Узбекистон, Имомов соати тақрибани 10:00 рӯзи 11 январ ба утоқи истироҳати қисми низомӣ ворид шуда, бо "автомат" худро паррондааст.

Расонаҳои Узбекистон дар ин бора танҳо 17 январ хабар доданд. Сарбоз Имомов 20 сол дошт.

Аммо хешовандони сарбоз ба иттилои расмӣ дар бораи худкушии вай бовар надоранд. Хешовандон гуфтанд, дар ҷисми Имомов осори латту кӯб дида мешуд. Модари сарбоз мегӯянд, баъди марги писари вай чанд ҳамхизмати сарбоз боздошт шудаанд. Дар асоси ин далелҳо хешовандон мегӯянд, мумкин аст, Мирҷамол Имомов бар асари латту кӯб фавтидааст.

XS
SM
MD
LG