Ссылки доступа

Узбекистон ба Туркия 170 тонна кумаки башардӯстона фиристод


Ҳукумат, сокинон ва соҳибкорони Узбекистон ба зарардидагони заминларза дар Туркия 170 тонна кумаки башардӯстона фиристоданд.

Кумакҳо тавассути 8 ҳавопаймои борбар ва 7 мошини боркаш ба минтақаҳои зардидаи Туркия ирсол шудаанд.

Хабаргузории "Anadolu" иттилоъ дода, ки Туркия 170 тонна кумаки башардӯстонаи узбекистониҳоро дастрас кард.

Ба иттилои манбаъ, Узбекистон ба Туркия 45 тонна маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, 8 тонна маҳсулоти ғизоӣ, 90 тонна либос, пойафзол ва болопӯш, 130 генератор ва 700 дастгоҳи гармидиҳии барқӣ ирсол кардааст.

Қаблан Узбекистон ба Туркия 100 корманди наҷот ва 71 табиб фиристода буд.

Заминларзаи мудҳиши 7.7 дараҷаӣ шаби 6-уми феврал аввал Туркия ва чанд соат баъд бо неруи 7.6 дараҷаи ҷадвалри Рихтер Сурияро такон дод.

Хонаҳои зиёде дар ҳарду кишвар аз ҷумла ёдгори таърихӣ ва биноҳои қадима осеб дида, шумори қурбониён ба беш аз 30 ҳазор кас расидааст.

XS
SM
MD
LG